Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 13-уми март дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар сафар бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия рақобат мекунад.

Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ дар майдони бетараф – дар шаҳри Зарқои Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад, ки ғунҷоишаш 17 ҳазор тамошогар аст, баргузор мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозӣ соати 19 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” имрӯз дастаи “Ал-Рамза”-и Урдун дар майдони худ бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар нахустин бозии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми АФК. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал-Рамза» (Урдун) - 0:1
«Ал-Қодсия» (Кувайт) - «Ал-Шорта» (Сурия) – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ал-Рамза» (Урдун) 1 1 0 0 1-0 3
2. «Ал-Шорта» (Сурия) 1 1 0 0 1-0 3
3. «Равшан» (Тоҷикистон) 1 0 0 1 0-1 0
4. «Ал-Қодсия» (Кувайт) 1 0 0 1 0-1 0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG