Пайвандҳои дастрасӣ

Фархор. Боздошт ба ҷои бозпас додани замин


Сокинони ноҳияи Фархор, ки барои бозпас гирифтани замин ба Душанбе омаданд.

Сокинони ноҳияи Фархор, ки барои бозпас гирифтани замин ба Душанбе омаданд.

Мақомоти интизомӣ як сокини ноҳияи Фархорро, ки чанде қабл барои бозпас гирифтани заминҳояш ба Душанбе шикоят бурда буд, боздошт карданд.

Шахси боздоштшуда Одинахоҷа Сафаров, яке аз нӯҳ нафар сокинои ноҳияи Фархор мебошад, ки дар авоили моҳи феврал ба дафтари радиои «Озодӣ» омад ва аз бозпас гирифта шудани заминҳояшон аз ҷониби мақомот шикоят карда гуфт, ки пас аз нашри матлаб дар сомонаи радиои «Озодӣ», зери фишори мансабдорони ноҳия қарор дорад.

Саъдихоҷа Сафаров, писари Одинахӯҷа Сафаров рӯзи 12-уи март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки падарашро чанд рӯз қабл дар ноҳияи Фархор боздошт намуда, пас аз се рӯз ба Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Кулоб интиқол додаанд. Ба гуфтаи вай, тайи ин чанд рӯз талош кардааст, то аз аҳволи падараш бохабар шавад, аммо муфаттиши додситонии шаҳри Кӯлоб Рустам Комилов ба онҳо иҷозатнома надодааст. Хабари боздошти падарашро раиси ҷамоати деҳаашон ба хонаводаи онҳо расонидааст.

Падараш гуфтааст, ки ӯро ба хотири ин, ки дигар даъвои замин накунад ва ба маркази ҷумҳурӣ аз болои мақомоти ҳукумати ноҳияи Фархор шикоят набарад, ҳабс кардаанд. Ба нақли Саъдихоҷа, падараш гуфтааст, ки мақомот бо ин шева мехоҳанд чашми ӯ ва дигар ҳамдеҳагонашро, ки барои дубора соҳиб шудан ба замин талош доранд, тарсонанад.

Одинахоҷа Сафаров ва нӯҳ нафар сокинони дигари ноҳияи Фархор дар авоили моҳи феврал ба дафтари радиои «Озодӣ» омада ва аз бозпас гирифта шудани заминҳояшон аз ҷониби мақомот шикоят карданд. Ба гуфтаи онҳо, пас аз нашри матлаб дар сомонаи радиои «Озодӣ», онҳо зери фишори мансабдорони ноҳия қарор гирифтанд.

Вай аз ҷумла гуфта буд, “ба ман фишор оварда гуфтанд, ки чаро ту ҳамроҳи дигар одамон ба маркази ҷумҳурӣ рафта аз болои мо шикоят кардӣ? Мо кадом кори шуморо анҷом надодем, ки ба марказ рафтед? Охир чор моҳ шуд, ки ба арзу шикоятҳоямон ҷавоб нагардонданд, ягон мушкил ҳал нашуд, нисбати заминфурӯшон низ ягон чора дида нашуд, пас, чӣ хел мо марказ рафта шикоят накунем?!”

Ба таъкиди Сафаров, пас аз нашри матлаб дар сомонаи радиои «Озодӣ», намояндагони прокуратураи генералӣ ва бахши вилоятии он, ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Фархор бо сокиноне, ки даъвои гирифтани замин барои бунёди манзил доранд, маҷлис барпо карданд. Аммо, ба гуфти Сафаров, ин вохӯрӣ натиҷаи дилхоҳ надодааст ва сокинон аз он ноумед баргаштаанд.

Абдусамеъ Дадобоев, сардори раёсати равобити байналмилалии додситонии кулли Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки пас аз ворид шудани аризаи шикоятии сокинони Фархор, муовини додситони кулл ҳамроҳ бо прокурори вилояти Хатлон ин қазияро баррасӣ кардаанд.

Ҷаноби Дадабоев гуфт, “дар пайи санҷиши намояндагони прокуратура, баъзе паҳлӯҳои нави ин қазия ошкор шуд. Лекин, маълум аст, ки ин заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ буда, бо мақсади бунёди манзил истифода кардани он мумкин нест. Ҳамон вақт каме нофаҳмӣ шудаасту ин заминҳоро ба мардум тақсим кардаанд. Бинобар ин, қарор шуд, ки санҷиши ин қазия идома дода мешавад ва он то ҳол ҳал нашудааст”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG