Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миррих унсурҳои лозим барои ҳаётро доштааст


Донишмандони амрикоӣ мегӯянд, курраи Миррих тамоми унсурҳои лозим барои ҳаётро доштааст. Мутахассисони НАСА, Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико рӯзи сешанбе ҷузъиёти таҳқиқоти ковишгари Curiosity-ро ошкор карданд, ки 7 моҳ боз дар Миррих машғули кор аст. Майкл Майер, раҳбари барномаи таҳқиқоти Миррих дар НАСА гуфт, абзорҳои Куриозити дар таркиби хоки Миррих, сулфур, гидроген, нитроген, оксиген, фосфор ва карбонро ташхис кардаанд. Ба гуфтаи Майкл Майер, суоли аслии маъмурияти Куриосити ин буд, ки оё дар Миррих муҳити муносиб барои зиндагӣ дошт ва посухи суол мусбат аст. Ковишгари Куриозити моҳи августи соли гузашта дар танураи Гейл дар Миррих фуруд омад, то нишонаҳои мавҷудияти ҳаёт дар ин курраи ҳамсоя бо Заминро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG