Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи саркушодаи ҳунармандони рус ба Путин


Бештар аз 300 нафар аз ҳунармандони Болшой Театри Маскав ба ҳимоят аз Павел Дмитриченко, як раққоси варзидаи ин театр садо баланд кардаанд, ки ӯро ба ҳамла ба Сергей Филин, мудири ҳунарии Болшой Театр муттаҳам мекунанд. Павел Дмитриченко дар аввал гӯё эътироф кардааст, ки дастур додааст, то ба Сергей Филин ҳамла кунанд, аммо дертар гуфтааст, ки ҳеҷ вақт намехост, ки ба рӯи ӯ ишқор бипошанд. Дар номаи саркушода ба унвони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳунармандони ин театри маъруфи Русия гуфтаанд, ки худи иддаъои онки Павел Дмитриченко ҳамлаи бераҳмона ба Сергей Филинро дастур додааст, бемаънист. Ба гуфтаи онҳо, хулосаи муфаттишон дар ин бора норасо ва далелҳояшон қонеъкунанда нест ва эътирофоти Дмитриченко таҳти фишор ҳосил шудааст. Рӯзи 17 январ фарди ношиносе ба рӯи Сергей Филин ишқор пошида чашму сурати ӯро сузонд. Мақомоти интизомии Русия ҳафтаи гузашта Павел Дмитриченко ва ду нафари дигарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG