Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани интихоби Попи Рум шурӯъ шуд


Анҷумани кардинал ва ё рӯҳониёни олирутбаи католик дар калисои Систин дар Ватикан ба интихоби попи ояндаи Рум шурӯъ карданд. Рӯзи сешанбе ба тамоми кардиналҳо ба истиснои 115 нафар аз муҳимтарини онҳо амр доданд, ки калисои Систинро тарк кунанд, то анҷумани махфии интихоби пешвои нави 1 миллиарду 200 миллион нафар католикҳои ҷаҳон шурӯъ шавад. Анҷумани мазкур як моҳ баъд аз он баргузор мешавад, ки Бенедикти 16 аз мақоми Попи Рум истеъфо дод. Коре, ки тайи 600 соли ахир ҳеҷ яке аз попҳои Рум накарда буд. Ҳангоми анҷумани интихоби попи Рум аз дудкаши калисо дуд хориҷ мешавад ва агар дуд сиёҳ бошад, бад ин маъност, ки ҳанӯз касеро интихоб накардаанд ва агар аз дуди сафед боло омад, пас анҷуман попи ояндаи Румро интихоб кардааст. Баъди оғози анҷуман аз дудкаш дуди сиёҳ хориҷ мешуд.
XS
SM
MD
LG