Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Абдулло иҷрои ҳукми эъдоми Зепантеро мавқуф гузошт


Шоҳи Арабистони саудӣ Абдуллоҳ
Шоҳи Арабистони саудӣ Абдуллоҳ
Шоҳи Арабистони саудӣ Абдуллоҳ ба як коргар аз Филиппин, ки барои куштор ба эъдом маҳкум шудааст, барои ҷамъоварии як миллион доллар ҷубронпулӣ се моҳ мӯҳлат дод. Дар ин бора ноиби раисиҷумҳури Филиппин Ҷеҷомар Бинай хабар дод.

Коргари филиппинӣ Ҷоселито Запанте бояд рӯзи сешанбе эъдом мешуд ва аммо шоҳ Абдулло бо хоҳиши раисиҷумҳури Филиппин Бенинго Акино онро мавқуф гузошт. Запанпе барои куштори корфармои худ дар соли 2009 маҳкум ба қатл шудааст. Ва аммо агар ӯ ба хонаводаи фарди кушташуда як миллион доллар хунбаҳо пардохт кунад, эъдом нахоҳад шуд. Пайвандони ӯ гуфтаанд, ки аллакай чаҳоряки хунбаҳоро ҷамъ овардаанд.
XS
SM
MD
LG