Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмад Шаҳид: Дар Эрон ҳуқуқи башар поймол мешавад


Аҳмад Шаҳид

Аҳмад Шаҳид

Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи СММ дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, дар Женева изҳор намуд, ки дар Эрон чун пештара ҳуқуқи мардум нақз мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар ҳукми эъдом барои ҷиноятҳое мавҷуд аст, ки онҳоро наметавон “сангин” номид.

Гузоришгари вижаи СММ ба далелҳои зиёди поймолсозии ҳуқуқҳои аққалиятҳои қавмиву мазҳабӣ, риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои ибрози ақида, истифодаи шиканҷа ва бадрафторӣ дар маҳбасҳо таъкид кард.

Зимни муаррифии гузориши навбатӣ дар бораи ҳуқуқи башар дар Эрон Аҳмад Шаҳид ба баъзе пешравиҳо дар риояи ҳуқуқҳои занон ишора намуд. Аммо афзуд ӯ, ҳанӯз ҳам дарёфти маълумоти олӣ аз сӯи занон ва дар мақомҳои муҳими давлатӣ таъин кардани онҳо – аз мушкилоти умда дар Эрон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG