Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клаппер: "Ҳастаи Ал-Қоида башиддат заъиф шудааст"


Ҷеймс Клаппер, мудири дафтари миллии иттилоотии Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, гурӯҳи террористии Ал-Қоида дигар таҳдиди бузурге барои кишвараш эҷод намекунад. Ӯ ҳангоми муаррифии арзёбии солонааш ба вакилони Кумитаи Иттилоотти Сенати Иёлоти Муттаҳида гуфт, ҳастаи Ал-қоида башиддат заъиф шудааст ва ин гурӯҳи террористӣ ғолибан наметавонад, дар кишварҳои ғарбӣ, “ҳамлаҳои мураккабу васеъмиқёс анҷом диҳад.” Аммо гуфт, Ҷеймс Клаппер, бо вуҷуди заъиф шуданаш, Ал-Қоида аз ҷанг бар зидди Амрико даст накашидааст ва шарикони он бахусус дар Яман, алайҳи Амрико ва ҳампаймонҳои он ҳамлаҳо тарҳрезӣ мекунанд. Ба гуфтаи Ҷеймс Клаппер ҳоло ҳамлаҳои интернетӣ ва ҷосусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои Амрико дар муқоиса бо терроризм хатари бештар эҷод мекунанд. Арзёбии 34-саҳифагии Ҷейм Клаппер ҳамчунин таҳдидҳои гуногун ба амнияти милли Амрико, аз ҷумла Куриёи Шимолӣ, Эрон ва Сурияро дар бар гирифтааст.
XS
SM
MD
LG