Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар Фаронсаву Қатар сафорат боз мекунад


Интизор меравад, Тоҷикистон ба зудӣ дар ду кишвари дигар, дар Фаронса ва Қатар сафоратхона боз кунад. Бино ба иттилоъи манобеъи Радиои Озодӣ, Ардашер Қодирӣ, раиси бахши Осиё ва Африқо дар вазорати умури хориҷӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар ва Ҳомидҷон Назаров, раиси шӯъбаи протоколи вазорат сафир дар Фаронса пешбарӣ шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ёддоштҳо дар ин заминаро ба кишварҳои мизбон фиристодааcт ва ризояти онҳо низ ҳосил шудааст. Тоҷикистон то кунун дар 31 кишвар сафорат ва консулгарӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG