Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи парвандаи афсари "худсари" рус поён ёфт


Кумитаи Тафтишотии Русия мегӯяд, таҳқиқи парвандаи ҷиноии як муфаттиши раёсати умури дохилаи шаҳри Санкт Петербургро хотима додааст, ки худсарона як фарди муттаҳам ба қатли шаҳрванди Тоҷикистонро аз боздоштгоҳ раҳо карда буд. Дар баёнияи расмии бахши Кумитаи Тафтишотии Русия дар шаҳри Санкт Петербург омадааст, Станислав Синитсин, афсари 24-солаи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Нева моҳи июли соли 2012 як шаҳрванди Озарбойҷонро, ки дар қатли бераҳмонаи як шаҳрванди Тоҷикистон даст дошт, аз боздоштгоҳи муваққат раҳо кардааст. Дар ин баёния омадааст, агарчӣ афсари пулис хуб медонист, ки боздоштшуда ба қатл муттаҳам мешавад, вале бо баҳонаи гирифтани баёнот, ӯро аз ҳуҷра раҳо карда ва сабаби фирори ӯ шудааст. Ба гуфтаи Кумитаи Тафтишотии Русия, ин амалкарди афсари милиса сабаб шуд, қатли шаҳрванди Тоҷикистон, ки исмашро набурдаанд, ошкорношуда бимонад. Тибқи муқаррарот, баъди хулосаи додситонӣ, парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ барои муҳокима фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG