Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои ИА алайҳи боз нӯҳ мансабдори эронӣ


Зиндони Эвин дар Теҳрон

Зиндони Эвин дар Теҳрон

Иттиҳодияи Аврупо алайҳи боз чанд мансабдори эронӣ ба хотири мусоидаташон ба нақзи ҳуқуқи башар таҳримҳо эълон кард.

Вазирони умури хориҷии Иттиҳодия дар мулоқоти рӯзи душанбе дар Брюссел ба феҳристи мансабдорони эроние, ки ҳаққи сафар ба Аврупоро надоранд ва ҳисобҳои бонкияшон дар ин қора мунҷамид мешавад, боз нӯҳ нафарро изофа карданд. Миёни онҳо раиси зиндони Эвини Теҳрон, чанд додрасу додситон ва ду тан аз раҳбарони шабакаи телевизионии англисзабони таҳти назорати Теҳрон - Press TV низ ҳастанд. Ба ин васила, теъдоди умуии мансабдорони эронӣ, ки мавриди таҳримҳои Иттиҳодияи аврупо қарор гирифтаанд, ба 87 нафар расид.

Вазирони умури хориҷӣ ҳамчунин дар бораи мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии ниҳоди давлатии Эрон – полиси интернетӣ, ки дар таъқиби дигарандешон ва маҳдудсозии дастрасӣ ба интернет айбдор мешавад, тасмим гирифтанд.

Таҳримҳо то 13 апрели соли 2014 идома хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG