Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарнигорони бидуни марз" душманони интернетро номбар кард


Чин, Эрон, Сурия, Баҳрайн ва Виетнам ба феҳристи кишварҳое шомил шуданд, ки ба хотири назорат аз болои корбарандагони интернет ба ҷосусии интернетӣ машғуланд. Дар гузориши созмони байнулмилалии “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис, гуфта шудааст, ки бузургтарин системи назорати интернетӣ дар Чин амал мекунад. Дар Чин аз ҳама бештар афроде зиндонӣ шудаанд, ки бо ахбори интернетӣ сару кор доранд.

Ба навиштаи муаллифон, дар Сурия бар асари фаъолияти ширкатҳое, ки бо режими Башор Асад дар бахши ҷосусии интернетӣ ҳамкорӣ мекунанд, 22 хабарнигор ва 18 корбарандаи интернет ба зиндон андохта шудаанд. Дар гузориш ёдоварӣ шудааст, ки мақомоти Эрон мехоҳанд шабакаи маҳаллии интернетиро таъсис кунанд ва он таҳти назорати Теҳрон қарор хоҳад дошт.

“Хабарнигорони бидуни марз” навиштааст, ки соли 2012 бархе аз сомонаҳои серхонанда дар Тоҷикистон ҳам ба маҳдудият рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла дар ин гузориш ба баста шудани сомонаҳои Азия Плюс, РИА Новости, Lenta.ru, Fergananews.com, Centrasia.ru, торнамои Бӣ-Бӣ-Сӣ, ва ҳамчунон торнамои Youtube ва шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" ишора шудааст.
XS
SM
MD
LG