Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар-ТадАЗ" аз "Ал-Риффа бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»- -и Турсунзода аз тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи 12-уми март дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.


ЛАҲЗА БА ЛАҲЗАИ БОЗӢ:

Аз тарафи рости майдон дастаи "Ал-Риффа” бо либоси кабуд ва аз тарафи чап дастаи "Регар" бо либоси сафед бозӣ мекунанд.

Бозӣ хеле ҳам тезу тунд давом дорад ва дар дақиқаҳои 7-ум ва 9-ум меҳмонон лаҳзаҳои ниҳоят хавфнокро ба вуҷуд оварданд.

Дар дақиқаи 13-уми бозӣ дарвозабони меҳмонон баъд аз бархӯрд бо бозигари "Регар" Комил Саидов, лат хӯрд, вале боз ба бозӣ идома дод.

Бозиро дар майдон бештар аз ҳашт ҳазор нафар мухлис тамошо мекунанд.

Дар дақиқаи 15-ум капитани дастаи меҳмонон Аҳмад Ал-Думӣ тӯбро вориди дарвозаи "Регар-ТадАЗ" кард. Ҳисоб 1:0 ба нафъи меҳмонон.

То ин лаҳзаҳо бозӣ бо бартарии меҳмонон идома дорад.

Дастаи "Ал-Риффа" қаҳрамони даҳкаратаи Баҳрайн буда ва панҷ тан аз бозигарони он дар мунтахаби миллии футболи кишварашон бозӣ мекунанд.

Баъд аз голи дастаи "Ал-Риффа" бозӣ як каме суст шуд ва тӯб бештар дар нимаи майдон аз по ба по мегузарад.

Дар дақиқаи 24-ум футболбозони тоҷик дар назди дарвозаи меҳмонон як лаҳзаи хатарнокро ба вуҷуд оварданд, вале дарвозабон тӯбро баргардонд.

Дақиқаи 27-уми бозӣ идома дорад ва ҳисоб ҳамоно 1:0 ба нафъи меҳмонон аст.

Ҳаво дар шаҳри Хуҷанд имрӯз абрнок буда ва ба тарафи дарвозаи "Регар" каме шамол мевазад.

Бозигарони "Регар" дар лаҳзаҳои ахири нимаи аввал ҳамлаҳои худро бештар карданд ва тайи ҳар чанд лаҳза дарвозаи меҳмононро ҳадаф қарор медиҳанд.

Дар дақиқаи 33-юм бозигари дастаи "Регар" Ҷамшед Исмоилов корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 38-ум Комил Саидов аз наздики майдончаи ҷаримавӣ ба сӯи дарвозаи меҳмонон зарба зад, вале тӯб аз канори дарвоза гузашт.

Дар дақиқаи 38-ум бозигари шумораи 22-и "Ал-Риффа" Муҳаммад Солеҳ Алӣ барои баҳс бо довар, корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 40-ум бозигарони "Регар" аз масофаи тахминан 35-метр, ба сӯи дарвозаи меҳмонон зарба заданд, вале тӯб аз майдон берун рафт.

Дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ бо ҳамлаҳои "Регар" мегузарад, вале зарбаҳои онҳо нишонрас нестанд.

Ду дақиқаи дигар то анҷоми нимаи аввали бозӣ боқӣ мондааст, ҳисоб ҳанӯз 1:0 ба фоидаи меҳмонон.

Як дақиқа қабл аз анҷоми нимаи аввал, меҳмонон боз ба дарвозаи "Регар" тӯб заданд. Тӯбро Аҳмад Ал-Думӣ вориди дарвоза кард.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 фоидаи дастаи "Ал-Риффа" поён ёфт.

Нимаи дуввум бо ҳамлаҳои дастаи "Регар" оғоз ёфт.

Дар ҳайати дастаи "Регар" ду бозигар иваз шуд. Ба ҷои Аҳтам Ҳамроқулов бозигари шумораи ҳафт Расул Файзов ва ба ҷои нимҳимоятар Ҷамшед Исмоилов, легионер Элтон Луиз Сантос вориди майдон шуданд.

Бозӣ дар нимаи дувум бо бартарии комили бозигарони дастаи “Регар” мегузарад. Футболбозони тоҷик дар 14 дақиқаи аввали нимаи дувум, 3 зарбаи кунҷӣ заданд.

Дақиқаи 62-юми бозӣ идома дорад, бо вуҷуди ҳамлаҳои пайдарпайи "Регар" ҳисоб ҳамоно 2:0 ба нафъи меҳмонон аст.

Доварони бозӣ ҳама аз Туркманистон мебошанд ва комиссионари бозӣ аз Чин аст.

Дар дақиқаи 63-юм дар ҳайати дастаи "Ал-Риффа" як бозигар иваз шуд. Ба ҷои бозигари шумораи 7 Ҳаммод Рокиа, Муҳаммад Шаъбон вориди майдон шуд.

Дар дақиқаи 70-ум Аҳмад Ал-Думӣ тӯби савумро вориди дарвозаи "Регар" кард. Меҳмонон дар ҳоле, тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карданд, ки нимаи дувуми бозӣ бо бартарии комили бозигарони тоҷик мегузашт.

Дар дақиқаи 77-уми бозӣ бозигари дастаи "Регар" Алексей Неъматов барои аз пой афтондани яке аз бозигарони дастаи ҳариф, корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 83-юм ба ҷои Аҳмад Ал-Думӣ, ки се гол ба дарвозаи "Регар" зад, Саъд Солеҳ вориди майдон шуд.

Дар дақиқаи 83-юм ҳуҷумкунандаи меҳмонон бо дарвозабони "Регар" як ба як баромад, вале Фарҳод Юлдошев зарбаи Маҳмуд Ал-Навосро баргардонд.

Дақиқаи 88-уми вақти асосии бозӣ идома дорад. Ҳисоб ҳамоно 3:0 ба фоидаи меҳмонон.

Охирин дақиқаи вақти асосии бозӣ идома дорад.Талошҳои бозигарони тоҷик барои тағйир додани ҳисоби бозӣ ҳамоно бенатиҷа аст.

Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG