Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтидорҳои транзитии минтақа баррасӣ мешавад


Айни ҳол ҳаҷми боркашонии нақлиёти автомобилии Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии нақлиёти байналмилалӣ қариб 48 фоизро ташкил медодаст. Ин нуктаро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Терминали марказии Душанбе зикр кард.

Ба таъкиди президенти Тоҷикистон, соли 2012 тавассути нақлиёти автомобилии кишвар қариб 60 миллион тонна борҳои гуногун интиқол дода шуда ва ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ ба беш аз 500 миллион нафар расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 чандин баробар зиёд мебошад.

Соли 2012 тибқи мувофиқа бо Барномаи ТРАСЕКА ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ коридори нақлиётии сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то Бандари Шерхон – Пули Хумрии Афғонистон ҳамчун “Шоҳроҳи намунавӣ” муайян гардидааст.

Ба ин хотир, моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи ҷашнии барномаи ТРАСЕКА ва конфронси байналмилалии «Рушди иқтидорҳои транзитии Осиёи Марказӣ то давраи соли 2020» пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ин, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар баробари амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таъмини низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин васила ба афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намоянд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
XS
SM
MD
LG