Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Спилберг филми навашро дар Кашмир навор мегирад


Стивен Спилберг дар Мумбай
Стивен Спилберг дар Мумбай
Таҳиягари маъруфи амрикоӣ Стивен Спилберг филми нави худро дар марзи миёни Ҳиндустону Покистон - дар минтақаи баҳсноки Кашмир навор мегирад. Ӯ дар Мумбай ба хабарнигори нашрияи "The Times of India" гуфтааст, филмро студияи ӯ DreamWorks ҳамроҳ бо студияи Reliance Entertainment, ки мутааллиқ ба миллиардер Анил Амбонӣ мебошад, навор хоҳанд бардошт.

Ба гуфтаи Спилберг, филмнома аллакай омода аст, аммо таҳиягар, ҳунармандоне, ки нақшҳои асосиро меофаранд ва макони мушаххаси навори саҳнаҳои филм ҳанӯз интихоб нашудаанд.

Стивен Спилберг ба хотири ҷашн гирифтани пирӯзии филми ахираш “Линколн” дар маросими имсолаи “Оскар” вориди Мумбай шудааст. “Линколн” имсол дар ду бахш – беҳтарин нақши мардона ва барои беҳтарин ороиши бадеӣ соҳиби “Оскар” гардид.

Ҳолливуд, бузургтарин марказҳои тавлиди филмҳои ҳиндӣ, дар Мумбай ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG