Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирон дар Свердловск мизони таваллудро боло бурданд


Муҳоҷирони корӣ ба болоравии мизони таваллуд дар вилояти Свердловски Русия мусоидат кардаанд. Хабаргузории Европейско-Азиатские Новости менависад, ки бори аввал дар 20 соли ахир дар вилоят мизони таваллуд назар аз мизони фавт афзоиш ёфт.

Мудири идораи ЗАГС-и вилояти Свердловск Татяна Кузнетсова гуфтааст, ки соли гузашта дар вилоят 62076 нафар ба дунё омада, 60001 нафар оламро тарк намудаанд. Шумораи навзодҳо дар хонаводаҳои шаҳрвандони хориҷӣ – Тоҷикистон ва Озарбойҷон 1,3 дар сад бештар ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта ақди никоҳ бо хориҷиён ҳам афзоиш ёфт – ду сол пеш 856 чунин ақди никоҳ сабт шуда буд, соли 2012 бошад 1038 сокини вилоят бо шаҳрвандони хориҷӣ, асосан бо тоҷикону озариҳо хонадор шуданд.

Аммо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Кузнетсова, никоҳ назар ба як соли пеш коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин фарзандхонӣ ҳам дар ин вилояти Русия кам шудааст.
XS
SM
MD
LG