Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муноқиша боиси куштор шуд


Як сокини пойтахт бо гумони содир кардани куштор аз сӯи кормандони милиса дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Ба иттилои сомонаи ВКД, аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, зимни баргузории чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчун гумонбар дар куштор шаҳрванд Якушева Наталя Александровна, соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи кӯчаи Машъали ноҳияи мазкур, дастгир шуд.

Номбурда тахминан соати 9-и шаби 11 марти соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсизташ Ливитин Дмитрий Олегович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 200, қисми 4-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, муноқиша мекунад ва сипас бо корд як маротиба ба қафаси сина ва бо зарфи шишагӣ се маротиба ба сари ҳамзисташ мезанад. Ливитин Д. бар асари бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG