Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ соли зиндон барои тасарруфи дороиҳои низомиёни пойгоҳи 201


Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа.
Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа.

Ду сокини маҳаллӣ бо ҷурми тасарруфи молу мулки низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, мустақар дар Қӯрғонтеппа, ба муддати 10,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Дурандеш Иброҳимов, додраси парвандаи мазкур аз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, «Тоҷиддин Назаров, Виктор Олейник ва шахси ба тафтишот номаълум, тибқи маслиҳати пешакӣ се маротиба: миёнаи моҳи марти соли гузашта аз Арсентий Иренов ва Сергей Горков билети ҳарбӣ, нусхаи шартнома, шаҳодатномаи нафақагирӣ, шиноснома ва телефонҳои мобилии тамғаи «Самсунг», истеҳсоли Куриё (арзишаш 80 сомонӣ), «Нокия», истеҳсоли Финландия (арзишаш 500 сомонӣ), зӯран гирифта, ба онҳо таҳдид кардаанд, ки дар муҳлати ду рӯз 10 ҳазор рубли русӣ оварда, ҳуҷҷатҳояшонро гиранд.»

Ба иддаои тафтишот, ин афрод ҳамчунин, моҳи май аз ҷайби Николай Александров, хизматчии қисми низомии пойгоҳи 201-уми Федератсияи Русия, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, билети ҳарбӣ, билети донишҷӯӣ, шаҳодатномаи ҷанговари башардӯст, дафтарчаи меҳнатӣ ва 625 доллари амрикоиро аз ӯ гирифта, барои бозгардонидани ҳуҷҷатҳояш 13 ҳазор рубли русӣ талаб намудаанд. Низомии дигар Александр Горелкин ҳам қурбони чунин ҳамла шуда, 10 ҳазор рубли русиашро талаф додааст.

Дурандеш Иброҳимов, додраси парванда.
Дурандеш Иброҳимов, додраси парванда.
Тоҷиддин Назаров қаблан ҳам се дафъа - соли 2000-ум ба панҷ сол, соли 2006 ба шаш моҳ ва соли 2011 ба муддати шаш сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар додгоҳ Тоҷиддин Назаров тибқи ду моддаи кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла «ғоратгарӣ» ва «дуздӣ» айбдор дониста шуда, 10 солу 6 моҳи оянда дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр нигоҳ дошта мешавад. Тибқи ҳукми додгоҳ, ҳамчунин молу мулки вай мусодира хоҳад шуд. Нафари сеюми ҳамдасти ин ҷиноятҳо, ки бинобар иддаои мақомот, шахсияташ ба тафтишот маълум нест, дар пайгарди қонунӣ эълон шудааст.

Афроди ҷабрдида ва масъулони воҳиди низомии пойгоҳи 201-ум дар Қӯрғонтеппа, аз шарҳи ин қазия ва мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои ахир милисаи маҳаллӣ аз чандин мавриди халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар Қӯрғонтеппа хабар ёфтанд, ки омилонаш афсарону сарбозори пойгоҳи 201-уми Русия будаанд. Ба гуфтаи ходимони милитсия, то нисфи шаб дар тарабхонаҳо ва хиёбонҳо дар ҳоли мастӣ қарор гирифта, аз худ беодобиҳо нишон додани афсарону сарбозони рус, сокинони маҳаллиро нороҳат мекунад. Дар гузашта мақомоти ШВКД-и Қӯрғонтеппа тавассути расонаҳои хабарӣ аз раҳбарияти қисми ҳарбии мутааллиқ ба пойгоҳи 201-уми Русия хоста буданд, то аз гаштугузори бемаврид ва бетартибиҳои кормандонаш дар Қӯрғонтеппа ҷилавгирӣ кунад.

Низомиёни рус дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ мустақар ҳастанд. Воҳиди ҳарбии русҳо дар шаҳри Кӯлоб, ки аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистон маҳсуб мегардад, низ воқеъ мебошад. Ба иттилои манобеи гуногун, дар қисмҳои ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор афсару сарбози рус кору зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG