Пайвандҳои дастрасӣ

Канада муҳоҷирони забондони тоҷикро интизор аст


Шоҳисматулло Ҳабибӣ ва Сафиало Девонаев

Шоҳисматулло Ҳабибӣ ва Сафиало Девонаев

Шоҳисматулло Ҳабибӣ, сардори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебеки Канада, 11 март барои баррасии густариши ҳамкориҳо бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омад.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 12 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, Сафиало Девонаев, сардори ин хадамот, 11 март бо сардори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебеки Канада Шоҳисматулло Ҳабибӣ дидору мулоқот дошт. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масоили муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Канада баррасӣ карданд.

Ба таъкиди Шоҳисматулло Ҳабибӣ, надоштани касб ва надонистани забон яке аз проблемаҳои асосии муҳоҷирони корӣ мебошад. Ҳабибӣ мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик хуб мешуд, агар қабл аз сафар ба хориҷаи дур забонҳои англисӣ ва фаронсавиро омӯхта, касби муайянеро аз бар мекарданд, то ҳангоми фаъолияти корӣ дар хориҷ аз кишвар дучори душвориҳо нагарданд.

Дар ҳоли ҳозир, ба қавли ҷаноби Ҳабибӣ, дар Канада беш аз 150 шаҳрванди Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG