Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишқу нафрат"-и ҷавонони тоҷик ба Мессӣ ва Роналду


Ишқу нафрати ҷавонони тоҷик - мухлисони ашаддии футболбозони машҳур Криштиану Роналду ва Лионел Мессӣ гоҳе ҳатто метавонад, сабаби кашмакашҳои оштинозири онҳо шавад.

Ин падидаест, ки чанд соли охир миёни ҷавонон идома дорад ва то рафт густурдатар мешавад.

Бархе бар инанд, ки пайравии ҷавонон аз ин ситораҳои футбол метавонад ба ҳаёти онҳо таъсири мусбат дошта бошад, аммо бархи дигар мегӯянд, рақобати онҳо сари ин ё он футболбози машҳур, боиси дилозорӣ ва хусумати миёни ҷавонон гардад.

Ба ақидаи Бахтиёр Зоиров, дастрасии зиёд ба иттилоъ, намоиши бебаркаши бозиҳои футболи ҷаҳону Аврупо аз як сӯ ва афзоиши майли ҷавонон ба варзиш ва мухлисӣ аз сӯи дигар, ин ҳолатро ба вуҷуд овардаанд. Вай маҳбубияти ду бозигарро дар ҷомеаи тоҷик бесобиқа номид: «То ин дам футболбозоне, ки ба қадри Роналду ва Мессӣ маҳбубият доштанд, кам буданд. На буданд гӯем, ҳам мешавад. Ҳунари ин ду бозингар бе восита мавриди баҳси аудиторияи васеъ қарор дорад.»

Ин Лионел Мессӣ аст, ситораи аргентинии "Барселона", ки таҳти шумораи 10 барои ин бошгоҳ бозӣ мекунад.
Ин Лионел Мессӣ аст, ситораи аргентинии "Барселона", ки таҳти шумораи 10 барои ин бошгоҳ бозӣ мекунад.
Гуфта мешавад, дар гузашта маҳбубияти Пеле ва Марадона низ чунин ҳолатро ба миён оварда буданд, аммо фарқ дар ин аст, ки ҳар яке аз ин ситораҳо дар давраҳои гуногун дар осмони футбол ба дурахш даромадаанд. Аммо Роналду ва Мессӣ фарзандони як давронанд ва гоҳе дар майдони сабз муқобили ҳамдигар қарор мегиранд. Роналду бозигари дастаи «Реал»-и Мадрид ва Мессӣ ҳуҷумкунандаи дастаи «Барселона» аст.

Ин аст, ки муҳаббати мухлисон нисбати яке ҳамзамон нафратро нисбати дигарӣ ба бор меорад. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, ин ҳолат на танҳо дар Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон иттифоқ афтодааст: «Баъзеҳо муқобилгузории онҳоро аз мақоми дастаҳояшон мебинанд. Аммо аз нигоҳи дигар, тактикаи бозии онҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Дар алоҳидагӣ метавонанд, мавриди таваҷҷуҳ бошанд. Ин аст, ки аз камтари иштибоҳӣ бозингари артентинӣ истифода карда шаъну шарафи ӯро пас задан мехоҳанд. Баръакс аз хатои Роналду кор бурд,а шӯҳрати ӯро паст зананд.»

Муслиҳиддин Раҳмат, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, ки дар бозии Роналду ва Мессӣ эҳсос мешавад, ки худи онҳо ҳамеша дар рақобатанд ва муқобилгузории онҳо миёни мухлисон аз ин ҷо оғоз меёбад: «Мухлисон ҳаногоми тамошои бозии «Реал» ва «Барселона» воқеан ҳам як рақобати мафкуравӣ доранд. Зеро мухлисон ду гурӯҳ шудаанд. Дар асл на ин ки мухлисон, балки худи он ду футболист ҳам тарзе менамояд, ки дар рақобат бозӣ мекунанд.»

Муслиҳиддин ҳаводори Роналду аст. Ӯ мегӯяд ба ҳар клубе, ки Роналду рафт, маҳз ба хотири вай ҳаводори ҳамон даста шуд: «Ҳам голҳои задааш барои ман писанд асту ҳам бозии ӯ. Сабаби асосии ҳаводорӣ аз «Реал»- Мадрид дар он аст, ки Роналду он ҷо бозӣ мекунад. То ин дам ман аз "Манчестер Юнайтед" тарафдорӣ мекардам, зеро Роналду он ҷо буд.»

Муслиҳиддин Роналдуро бузургтарин футболбози муосир медонад, аммо Хумайнӣ Маҳмадалиев, хонандаи литсейи президентӣ дар Душанбе, мегӯяд, Роналду дар назди Мессӣ сифр аст. Хумайнӣ аз ширкаткунандагонии фаъоли баҳсҳои интернетии тарафдорон ва мухолифони Роналду ва Мессӣ аст: «Хабарҳое, ки дар интернет пахш мешаванд ва онҳоро мухлисони Раналдо ва Мессӣ мехонанд. Бисёри вақт, ки якдигарро м омада аз рӯйи он баҳс мекунанд. Масалан, мегӯянд, ки дар фалон бозӣ Мессӣ гол назаду Роналду гол зад, ӯ зӯр аст. Ё баръакс.»

Роналду дар шумори беҳтарин футболбозони ҷаҳон қарор дорад.
Роналду дар шумори беҳтарин футболбозони ҷаҳон қарор дорад.
Баҳси тарафдорону мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳе ба ҷанги бераҳмона монанд мешаванд ва ҳар тараф мехоҳад, ба тарафи дигар ҳамлаи равонӣ кунад. Азимҷон Ёров, бозингари дастаи «Зарафшон», яке аз мухлисони Мессӣ аст, ки мегӯяд, «ҷангҳо»-и интернетии мухлисони Роналду ва Мессӣ ҳеҷ гуна сулҳро қабул надорад: «Ҳозир ин чиз мода шудаст. Ҳама аз мухлисӣ! Ман ҳам мухлис, ки ҳастам номи худро дар Одноклассник «лионел месси» гузоштам. Ман пештар "Одноклассник" даромада будам, «Фанатикҳо»-и футбол ҳамашон бо номи Мессӣ, Роналду, Аршавин ва дигарон худро сабти ном кардаанд.»

Бино бар нишондодҳои шабакаи “Одноклассники”, дар Тоҷикистон зиёда аз 350 нафар бо тахаллуси “Мессӣ” шарҳ менависанд. Аммо бо номи Роналду наздик ба 100 кас менависад, ки аз 14 то 30-солаанд.

Гузашта аз ин, маъруфияти ин ду бозингари футбол ба фурӯши «футболка»-ҳое, ки бо ному насаби онҳо тамға доранд, дар мағоза ва фурӯшгоҳҳои либос таъсир гузоштааст. Фирдавси Табаралӣ, як фурушандаи бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе гуфт: «Ман ин ҷо фурӯшандаи «футболка» ҳастам. «Футболка»-ҳое, ки пушташон номи футболистҳо ҳастанд, миёни онҳо Мессӣ ва Роналду харидори зиёд доранд. Мо низ ҳамин хел либосро бисёр фармоиш медиҳем.»

Шакли мӯйи сари Роналду низ дармиёни ҷавонони тоҷик расм шудааст ва сартарош Қобилҷон мегӯяд: «Чор сол аст, ки дар сартарошхона кор мекунам. Чанд соли ахир «причоска»-и Роналдуро ҷавонон бисёр мехоҳанд, ки мӯд шудааст. Ҳатто падару модарон омада, барои фарзандонашон ҳамин ороишро хоҳиш мекунанд.»

Аксари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, маҳбубияти ду бозигари хориҷӣ инчунин дар натиҷаи ҷаҳонишавии иттилоъ ва камбуди чеҳраҳои худии дар ҷаҳон машҳур ба миён омадааст.


Навиштаи Фирдавси Низом, коромӯзи радиои "Озодӣ"
XS
SM
MD
LG