Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯжурналистон ҷоиза гирифтанд


Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Рӯзи матбуоти тоҷик — 11 март барандагони ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрориро эълон кард.

Наҷмиддини Шоҳинбод, ёвари раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 12 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки озмуни семоҳаи журналистони донишҷӯ ҷамъбаст гардид ва Муллораҷаби Юсуфӣ, донишҷӯи соли дувуми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Субҳиддин Қодиров, донишҷӯи соли чоруми шуъбаи журналистикаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, дар ин озмун ғолибият ба даст оварданд ва соҳиби ҷоиза шуданд. Ба онҳо, инчунин, дипломи ИЖТ тақдим гардид.

Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ дувумин ҷоиза дар соҳаи матбуот аст, ки соли 2006 бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис ёфт ва ба журналистони донишҷӯ супорида мешавад.
XS
SM
MD
LG