Пайвандҳои дастрасӣ

Деҳқонони вилояти Ғӯр ба кишти кӯкнор омодагӣ мегиранд


Ғӯр яке аз вилоётест дар Афғонистон, ки 95 фисади мардуми он ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд ва тамоми харҷу дахли зиндагии худро аз ҳамин роҳ ба даст меоранд.

Аммо шуморе аз деҳқонони ин вилоят мегӯянд, ки набудани таваҷҷуҳи ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ин вилоят онҳоро маҷбур карда, то ба кишти кӯкнор рӯй биёранд.

Ба таъкиди онҳо, бо вуҷуди сарозер шудани дарёҳои фаровон аз ин вилоят, то ҳанӯз давлат кучактарин таваҷҷуҳ ба бунёди обанборҳо накардааст ва аз сӯи дигар набудани тухмиҳои коркардшуда ҷиҳати ба даст овардани ҳосили муносиб далели дигари рӯй овардани ин мардум ба кишти кӯкнор шудааст.

Абдулбасир Истам, деҳқоне аз ин вилоят, мегӯяд, давлат ба рушди кишоварзӣ дар ин вилоят таваҷҷуҳи дуруст накардааст. Азбаски барои зироати мардум ҷои муносиб муҳайё нест, мардум ҳам ба кӯкноркорӣ рӯй меоваранд.

Наҷибуллоҳ Некзод, як нафар ҷавононе аз вилояти Ғӯр, мегӯяд, интизор меравад, ки дар фасли баҳор деҳқонон кишти кӯкнорро нисбат ба солҳои пешин ривоҷ диҳанд. Ба гуфтаи Некзод, муҳимтарин далел, ки барои рушди кишти кӯкнор вуҷуд дорад, бетаваҷҷуҳии ҳукумат дар инкишофи соҳаи кишоварзӣ ва набудани обанборҳо ҷиҳати дастрасии бештари мардум ба заминҳои корам мебошад: «Дар вилояти Ғӯр ба соҳаи кишоварзӣ чандон таваҷҷуҳ нашуда. Ба ин маъно, ки набудани обанборҳо, набудани тухми зироатӣ ва камбуди заминҳои обӣ ба сурати кул боис шуда, то деҳқонон ба кишти кӯкнор рӯй оваранд.»

Муҳаммадюсуф Вакилӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири вилояти Ғӯр, мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба набудани амнияти сартосарӣ дар вилояти Ғӯр онҳо натавонистанд кишти кӯкнорро барҳам зананд, ки ба ҳамин далел як миллион доллар аз мусоидати ҷомеаи ҷаҳониро низ аз даст доданд. Аммо ба таъкиди вай, дар оянда аз кишти ин падидаи ранҷовар ҷилавгирӣ хоҳанд кард: «Мо қаблан ҳам ба мардум ҳушдор додем, ки оянда ба гузашта муқоиса намешавад, зеро волии вилоят Саиданвар Раҳматӣ ба тахриби мазореи кӯкнор таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад, то ин вилоятро дар оянда ба сифр тақриб диҳад ва ҳамчунон имсол мутобиқ ба тарҳҳое, ки аз мақомоти марказӣ гирифта шуда, се ниҳоди муҳими амниятӣ ва кашфӣ, монанди пулиси мубориза бо маводи мухаддир, урдуи миллӣ ва амнияти миллӣ даст ба дасти ҳам дода, то аз ин падида ҷилавгирӣ намояд.»

Дар ҳамин ҳол Абдуллоҳ Хатибӣ, сухангӯи волии Ғӯр, гуфт, идораи маҳаллии ин вилоят тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо истифода аз шеваҳои мухталиф аз кишти кӯкнор ҷилавгирӣ кунад: «Ғӯр яке аз вилоятҳоест дар қалби Афғонистон мавқеият дорад, ки хушбахтона, аз чанд соли қабл орӣ аз кишти кӯкнор буд ва имтиёзоти хуберо, ки 4,3 миллион доллар буд, ҷоиза гирифт ва пружаҳои бисёр муосир дар сатҳи вилоят татбиқ гардид. Аммо имсол баррасӣ аз тарафи идораи миллии муттаҳид дар бахши маводи мухаддир шуда буд, Ғӯрро дар ҷамъи вилоёт қаламдод карданд, ки аз меъёди таъиншуда 25 ҷариб изофатар шуд. Аммо идораи маҳаллии Ғӯр тасмим дорад, то дар соли оянда беҳтарин таваҷҷуҳи худро дар тахриби мазореъ ва ҷилавгирӣ аз кишти кӯкнор намояд.»

Вилояти Ғӯр яке аз минтақаҳои кӯҳистонии Афғонистон аст, ки иқлими сард дорад ва кишоварзон дар 12 моҳи сол як маротиба аз замин ҳосил мебардоранд. Масъулони соҳаи кишварзӣ бар ин боваранд, ки дар сурати тарғибу ташвиқи мардум ба кишти заъфарон деҳқонони ин вилоят метавонад аз кишти ин зироат ҳосили фаровоне ба даст биёранд.

Абдулқодир Ғафурӣ, вилояти Ғӯри Афғонистон

(Манбаи мавод: бахши дарии РАО/РО)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG