Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти "Осиё Экспресс" расман оғоз ёфт


Рӯзи сешанбеи 12-уми март дар Тоҷикистон автовокзал бо хадамоти пешрафтатарин таҳти унвони «Осиё экспресс» расман ба кор оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд.

Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз бо ширкати президенти Тоҷикистон автовокзал бо хизматрасонии муосир расман ифтитоҳ шуд ва нахустин хатти сайри автобусҳои он ба навоҳии атрофи пойтахт оғоз ёфт.

Автобусҳои ин ширкат истеҳсоли Олмон буда, ҳангоми интиқоли мусофирон ҳамроҳ бо ронанда роҳнамо низ ҳузур дорад, ки барои мусофирон хидмат мерасонад.

Ширкати «Осиё Экспресс» дар Олмон сабти ном шуда, дар Тоҷикистон аллакай бо таксиҳои бо ҳисобкунакҳои электронӣ ошност. Ширкати «Осиё Экспресс» барои интиқоли мусофирон аз тариқи автовокзал 40 адад автобуси тамғаи «Манн» ва 100 адад сабукрави «таксӣ» аз Олмон ворид карда буд.
XS
SM
MD
LG