Пайвандҳои дастрасӣ

3 нафар аз асорати роҳзанҳои Нигерия раҳо шуданд


Рӯзи душанбе 2 шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Руминия аз асорати роҳзанҳо раҳо шуданд. Онҳо 31 рӯз дар асорат ба сар мебурданд.

Як ширкати киштиронӣ ба хабаргузориҳои Руссия гуфтааст, ки саломатии асирони раҳошуда хуб аст.

7 феврали соли ҷорӣ як киштии борбари Британия дар 180 километрии бандари Ҳаркорти Нигерия мавриди ҳамла қарор гирифт. Роҳзанҳо дар киштӣ кофтуков анҷом доданд ва ин 3 нафарро бо худ бурданд.

Соли гузашта моҳи ноябр маллоҳони Русияро рабуда буданд. Он вақт дар маҳале бо номи гулӯгоҳи дарёи Нигерия 6 маллоҳи Русия ва як шаҳрванди Эстонияро рабуда буданд.
XS
SM
MD
LG