Пайвандҳои дастрасӣ

13 март раиси ҷумҳури Австрия ба Тоҷикистон меояд


Ҳайнс Фишер-раиси ҷумҳури Австрия 13 март барои боздиди расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ҷараёни боздиди дурӯза оқои Фишер бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти алоҳида баргузор хоҳад кард. Сипас ҳайатҳои ду ҷониб ба ин мулоқот ҳамроҳ мешаванд.

Дар поёни мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб дар бораи ҳамкориҳо санадҳои зарурӣ имзо мекунанд. Тибқи ин санадҳо, ҳамкориҳои Утоқи тиҷоратии Тоҷикистон бо Палатаи федеролии иқтисодии Австрия густариш хоҳад ёфт.

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Австрия дар маросими гушоиши маҷмаи соҳибкорони ду кишвар ширкат хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG