Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия аз истеъмоли арақ 51 нафар ҷон доданд


Дар шаҳри Троблус-пойтахти Либия 51 нафар баъд аз истеъмоли нӯшокии спиртӣ ҷон додаанд. Тақрибан 300 нафари дигар барои кӯмак ба табибон муроҷиат кардаанд. Онҳо низ нӯшокии спиртиеро истеъмол кардаанд, ки дар таркибаш мизони метанол беш аз меъёр будааст.

Намояндагони ҳукумат хабар додаанд, ки нируҳои ҳукуматӣ чанд биноро ба муҳосира гирифтаанд. Онҳо ҳадс мезананд, ки нӯшокиҳои спиртиро дар ҳамин биноҳо омода кардаанд.

Ҳатто имкони истифода аз ниру бар зидди таҳиякунандагони ғайриқонунии чунин нӯшокиҳои спиртӣ истисно дониста намешавад.
XS
SM
MD
LG