Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Амрико ба Кореяи Шимолӣ сахттар мешавад


Том Данилон
Том Данилон
Амрико таҳримҳои нави худро бар зидди бонки аслии табодули асъори хориҷии Кореяи Шимолӣ эълон кард. Ин бонк дар иҷрои барномаҳои иҷоди аслиҳаи куштори ҷамъӣ нақши фаъол дорад.

Том Данилон-мушовири амнияти миллии Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ин таҳримҳоро рӯзи душанбе эълон кард ва гуфт, ки Амрико ҳамчунон ҳамкориро бо муттаҳидони худ давом хоҳад дод, то таҳримҳои миллӣ ва байналмиллалиро бар зидди барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ сахттар кунад.

Бо вуҷуди ин Том Данилон гуфт, ки Амрико Кореяи Шимолиро чун кишвари ҳастаӣ ё атомӣ эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG