Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони лулаи гази Эрон дар хоки Покистон шуруъ шуд


Маросими оғози сохтмони лулаи гази Эрон
Маросими оғози сохтмони лулаи гази Эрон
Эрону Покистон дар маросиме сохтмони лулаи гази Эрон ба Покистонро оғоз карданд. Рӯзи душанбе Маҳмуд Аҳмадинежод ва Осиф Алӣ Зардорӣ-раисони ҷумҳуриҳои Эрону Покистон дар шаҳри бандарии Чоҳбаҳори Эрон дар ин маросим ширкат ҷустанд.

Теҳрон мегӯяд, ки сохтмони қисмати эронии ин лула ба поён расидааст ва интизор меравад, ки дар зарфи ду соли оянда сохтмони он дар қаламрави Покистон низ ба охир расад.

Исломобод умед дорад, ки бо такмили сохтмони ин лула камбуди энержӣ дар кишвараш рафъ хоҳад шуд. Аммо Амрико ба сохмони ин лула мухолифат дорад ва ҳушдор додааст, ки чунин тасмими Покистон таҳримҳои зидди Эронро ба ҳам мезанад ва худи Исломобод бо чунин кораш ба таҳримҳои Амрико дучор хоҳад шуд.

Эрон қавл додааст, ки аз се як ҳиссаи арзиши сохтмони ин лулаи газ дар қаламрави Покистонро ба он кишвар хоҳад дод ва он 1,5 миллиард долларро ташкил мекунад.
XS
SM
MD
LG