Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз сардабирон ва роҳбарони созмонҳои журналистӣ мегӯянд, ки маҳз камбуди ҳирфавият ва хабарнигорони касбӣ ВАО-и мустақилро дучори мушкил ва гирифтори баҳсҳои додгоҳӣ кардааст.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, мегӯяд имрӯз дар матбуоти Тоҷикистон ду ҷараёнро мушоҳида кардан мумкин аст. Яке такия ба назару андеша аст ва дигаре истинод бар факту далел. Вай меафзояд: «Хуб мешуд, агар расонаҳои Тоҷикистон бештар ба далелу бурҳон такия кунанд. Чунки дар ҷараёни баҳсҳои додгоҳӣ исбот кардани назару андешаҳо хеле мушкил аст. Аммо мутаассифона дар журналистикаи тоҷикзабони мо назару андеша нисбати факту далел зиёдтар аст.».

Ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, ки баҳри боло бурдани сатҳи кордонии журналистони тоҷик бояд кӯшиш кард, то ҳангоми таҳияи матолиб мувозинатро нигоҳ доранд ва барои ҳар ду ҷониб имконияти баробари ибрози андешаро фароҳам оранд. Дар акси ҳол эътимоди ҷомеа ба матбуот коҳиш хоҳад ёфт. Аммо бархе аз журналистони тоҷик, ба истилоҳ, "андешамеҳвар" будани матбуотро аз вижагиҳои журналистикаи миллӣ медонанд. Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири пойгоҳи иттилоотии “Тоҷнюс” ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Хонандаи тоҷик аслан худаш хондани назару андешаро нисбат ба факту далел бештар дӯст медорад. Бино бар ин, шояд аксар журналистони мо дар матлабҳои худ андешаҳои шахсии худашонро баён мекунанд. Ҳамчунин мо дар арафаи интихобот қарор дорем ва баёни фикру андешаҳои афроди гуногун беш аз пеш авҷ мегирад ва муҳимтар мешавад.”

Ҷаноби Раҳнавард ҳамчунин афзуд, ки на ҳамаи осори журналистон дар асоси назару андешаҳои хусусӣ сохта мешаванд ва ҳастанд ҳафтаномаҳое, ки воқеан ҳирфаӣ менависанд ва ҳар нуктае, ки мегӯянд, дар асоси далел аст.



Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо бо назардошти фишори мақомот ба нашрияҳои мустақил, мегӯянд, дар чунин ҳолат, матбуот бояд дар сатҳи болотар ва бо маҳорати бештар амал кунад, то ин имконро надиҳад, ки нашрия ё журналист ба додгоҳ кашонда шавад. Агар муаллифон барои ҳар нуктаи мақолаи худ далели устувор ва раднопазир дошта бошанд, метавонанд, дар додгоҳ пирӯз оянд. Мушкилот замоне ба миён меояд, ки журналистон ба саҳве роҳ медиҳанд ё ба ҷои таҳқиқи мавзӯъ ва пеш гузоштани факт назару фаҳмиши шахсии худро ба миён мениҳанд. Солҳои охир дар баробари факултаҳои журналистика созмонҳои алоҳида низ барои боло бурдани ҳирфавияти хабарнигорон ва омодагии бештари онҳо ба фаъолияти бенуқсон давраҳои омӯзишӣ таъсис медиҳанд.

Яке аз онҳо созмони “Хома” аст ва раҳбари он Шаҳло Акобирова мегӯяд, ҳеҷ як донишҷӯ пас аз хатми факултаи журналистика наметавонад, бевоста рафта дар ягон расона кор кунад: “он давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддате ки мо мегузаронем, бештар хосияти амалӣ доранд. Дар донишгоҳҳо журналистон бештар дониши назариявӣ мегиранд, мо бошеми онҳоро аз ҷиҳати амалӣ обутоб медиҳем.” Хонум Акобирова афзуд, дар ростои боло бурдани сатҳи ҳирфавият ва тақвият додани маҳоратҳои амалии журналистони ҷавон марказҳои омӯзишии мустақили рӯзноманигорӣ дар тарбияи мутахассисон нақши бориз доранд ва ин раванд бояд густариш ёбад.​

Чанд моҳ пеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳе таъсис шуд, ки метавонист барои журналистони навкор маҳфиле шавад барои табодули таҷриба, омӯзиши маҳорат, дидани мушкилоти худ ва ёфтани роҳи ҳалли онҳо. Аммо чунин нашуд. Дар ин ҷо бештар шикоятҳое шунида мешавад, ки дастмузди журналистони ҷавон хеле кам аст ва онҳо вақту фурсате барои омӯзиш надоранд. Вале журналистони калонсолтар мегӯянд, онҳо низ дар оғози кори худ бо чунин душвориҳо "даст ба гиребон" буданд. Сардабирони нашрияҳо, дар навбати худ, изҳор медоранд, ки вазъи молии расонаҳо имкон намедиҳад, ба журналистон музди бештар пардохт шавад. Эҳтимол меравад, кодекси нави андоз ин вазъро бадтар хоҳад кард.

Сардабири нашрияи “Наҷот”, Ҳикматулло Сайфуллозода, мегӯяд, мизони андозбандӣ барои нашрияҳо миёншикан аст ва ба манфиати ҷомеа ва буҷа хоҳад буд, агар нашрияҳои навтаъсис барои чанд сол аз ҳама гуна андоз озод бошанд: “як нашрияе, ки аз куҷо сармоя ёфта, нав фаъолияташро оғоз мекунад, қудрати пардохти чунин андозҳоро надорад. Бигзор, ин нашрия чанд сол фаъолият кунад, теъдоди нашраш ақаллан ба 10 000 расад, баъдан мешавад аз ҳисоби даромади он андоз ситонид”.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG