Пайвандҳои дастрасӣ

М.Ҳабибуллоев: “Бо «Ал-Риффа” танҳо барои ғалаба бозӣ мекунем”


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ» ва Ҷамол Ҳаҷабдиҷ, сармураббии «Ал-Риффа»

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ» ва Ҷамол Ҳаҷабдиҷ, сармураббии «Ал-Риффа»

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро рӯзи сешанбе, 12-уми март, соати 15 дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Регар-ТадАЗ”, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, ва рақибаш – тими “Ал-Риффа”, қаҳрамони даҳкаратаи Баҳрайн, дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба бозии дувуми худ омодагӣ мебинанд.


Дар арафаи ин бозӣ рӯзи душанбеи 11-уми март дар маҷлисгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” бо ҳузури сармураббиёни ҳарду даста нишасти матбуотӣ баргузор шуд.


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ», ба хабарнигорон гуфт: «Мо аз ин пеш бо бошгоҳҳои Баҳрайн рӯбарӯ нашудаем. Вале ман дар бораи рақиб иттилои кофӣ дорам. Умуман, дараҷаи бозии рақибон дар Ҷоми АФК қариб баробар аст. Ҳар як даста метавонад ғолиб шавад. Аввалин бозӣ дар сафар бо тими «Сафо» барои мо бисёр мушкил буд. Мо бозиро мусовӣ кардем ва ин натиҷа маро қаноатманд мекунад. Бозӣ бо «Ал-Риффа» низ барои мо осон нест, вале мо дар хона бозӣ мекунем ва дар хона, чунон ки мегӯянд, деворҳо низ кӯмак мекунанд. Мо танҳо барои ғалаба ва гирифтани се имтиёз пой ба майдон мениҳем.”


Ҷамол Ҳаҷабдиҷ, сармураббии «Ал-Риффа», дар ин нишаст чунин иброз дошт: «Ман як моҳ пеш раҳбарии «Ал-Риффа»-ро ба ӯҳда гирифтам. Худи ман аз Босния мебошам. Бошгоҳи пештараи ман «Ал-Дхафра» (Аморати Муттаҳидаи Араб) буд. Ман таҷрибаи 20-солаи кор бо клубҳои арабиро дорам. Вазифаи «Ал-Риффа» дар Ҷоми АФК ҳадди ақал аз гурӯҳ баромадан аст. Дар дастаи мо якчанд нафар бозигароне ҳастанд, ки дар тими мунтахаби миллии Баҳрайн бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, мо 4 легионер дорем, ки ду нафарашон суриягӣ, як нафар сербиягӣ ва як нафар аз Португалияанд. Дар бораи рақибамон - “Регар-ТадАЗ” бошад, гуфтаниям, ки ин дастаи пурзӯр аст. Ман бозиҳоро бо ширкати “Регар” омӯхтам ва махфӣ нест, ки ин даста хеле сахт бозӣ мекунад ва фардо барои мо бисёр мушкил мешавад. Мо рақибамонро эҳтиром мекунем, вале ҳар як даста ҷойҳои сусти худро дорад. Дар дастаи «Регар» - ин самти чапи хатти дифоъ мебошад, ки дар ин самт футболбози бразилӣ бозӣ мекунад ва маркази хатти нимҳимоя.”


Хуршед Маҳмудов, капитани «Регар-ТадАЗ»: "Дар Лубнон мо сазовор бозӣ кардем. Метавонистем бурд кунем ва метавонистем бой диҳем. Чунон ки сармураббиямон гуфт, мо фардо танҳо баҳри пирӯзӣ бозӣ мекунем. Рӯҳияи даста баланд аст.”


Абдулло Зайёд, бозигари «Ал-Риффа»: "Иқлими Тоҷикистон нисбат ба Баҳрайн каме дигар аст. Вале ман фикр мекунам, ки ин ба бозии мо набояд таъсир расонад. Ҳамчун ҳимоятгар гуфта метавонам, ки мо мекӯшем дар хатти дифоъ хеле боэҳтиёт бозӣ кунем ва дар хатти пеш мо, албатта, лаҳзаҳои мувофиқи голзанӣ ба вуҷуд меорем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG