Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лотоспорт ба падари 10 фарзанд 150000 сомонӣ овард


Падаре, ки мухолифи бозии фарзандаш дар бозии «Лото спорт» буд барандаи 150 ҳазор сомонӣ шуд.
Алихон Сафаров, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ омӯзгори забони русӣ, ки падари 10 фарзанд будааст бо лотереяи худ баранда шуд ва соҳиби 31 ҳазор доллар ё беш аз 150 ҳозор сомонӣ шуд.
Ширкати Лотоспорт бозии бурди навбатии лотереяҳои худро рӯзи душанбе дар Кохи Ҷомии пйотахти Тоҷикистон баргузор кард.
Алихон Сафаров аслан хоҳиши бозии лотерея надошта фарзандонашро насиҳат мекунад, ки зиндагии ҳақиқӣ дошта бошанд ва ба ин гунна бозиҳои тавакалӣ машғул набошанд.
Ӯ яке аз лотереяҳои писарашро мегирад ва мехоҳад ба онҳо исбот кунад, ки дар ин навъ бозиҳо харидори лотерея шанси буридан надорад. Аммо вақте Алихон Сафаров барандаи лотереяи 150 ҳазор сомона шуд, ба «омад кардани бахт» бовар кардааст.
XS
SM
MD
LG