Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари шӯъбаи Ҳизби исломии Туркистон боздошт шуд


Полиси Маскав мегӯяд, фарди муттаҳам бо раҳбарии Ҳизби исломии Туркистонро боздошт намудааст.

Рӯзи душанбе вазорати корҳои дохилии Русия иброз дошт, ки шаҳрванди Узбакистон Абдулҳофиз Холмуродовро, ки бо раҳбарии шӯъбаи Ҳизби исломии Туркистон дар Маскав муттаҳам мебошад, дар таърихи 1-уми март дастгир намуд.

Ба қавли вазорат ӯ дар Маскав бо сафарбарии мусулмонон ба тамрингоҳҳои низомии хориҷӣ машғул будааст. Тибқи ахбори расида мақомоти Узбакистон Холмуродовро бо терроризм, экстремизм ва кӯшиши барканор намудани ҳукумати конститутсионӣ муттаҳам намуда, боздошти ӯро тақозо кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, дархости истирдоди ӯ ба Узбакистон баъдтар арзёбӣ хоҳад шуд. Ҳизби исломии Туркистон ҳамчунон бо номи Ҳаркати силомии Узбакистон маъруф буда, яке аз ҳампаймонҳои созмони террористии ал-Қоида ба шумор меравад.

Дар гузашта раҳбарони ин гурӯҳ борҳо гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо ташкили давлати исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG