Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Шӯрообод 54 кило маводи мухаддир гирифтанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини ноҳияи марзии Шӯрободро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани бештар аз 54 килограм бангдона боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилӣ имрӯз бо нашри як баёнияе гуфт, зимни амалиёт дар ин ноҳия Содиқ Исматови 57-сола ва сокини ноҳияи Ёлро боздошт карда ва аз дасташ 5 борхалта бо 54 килову 240 грам бангдона гирифтанд. Айни замон ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Фархор, Аюбҷон Ёров, сокини ҳамин ноҳияро бо иттиҳоми қочоқи тақрибан 10 кило афюн ва ҳашиш дастгир карданд. Алайҳи ҳарду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG