Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 3 сарбози афғону 2 амрикоӣ дар Афғонистон


Нерӯҳои зери раҳбари паймони НАТО дар Афғонистон мегӯянд, бар асари як ҳамлаи зоҳиран дохилӣ дар шарқи ин кишвар шуморе аз сарбозони афғон ва хориҷӣ кушта шудаанд. Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии НАТО ё худ ISAF иброз дошт, ки афроде бо либоси артиши миллии афғон дар тан сарбозони афғон ва нерӯҳои хориҷиро мавриди оташ қарор доданд. Полиси вилояти Вардак, воқеъ дар ҷанубуи шарқи Кобул, мегӯяд, ҳодиса дар ноҳияи Ҷалрез ба вуқӯъ пайвастааст.Раҳбари полиси ин вилоят Абдурраззоқ Қурайшӣ афзудааст, ки дар ин ҳодиса се афсари афғон ҳалок шудаанд. Як низомии эътилофи байналмилалӣ, кинахост номаш ошкор шавад, гуфт, дар ин ҳодиса ду сарбози амрикоӣ низ ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG