Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Шӯрои уламо - номзади илмҳои филология


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар мавзӯи «Маҷмаъуннаводир» ё «Чаҳор мақола"-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар ин бора аз шӯрои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» хабар доданд.

Ҳимояи рисолаи илмии раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии профессор Абдушукури Абдусаттор сурат гирифт. Мушовирони илмии Саидмукаррам Абдулқодирзода профессор Аламхон Кучаров, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва форси ДМТ ва Ризо Хокироев, сардори шуъбаи илми Академияи корҳои дохилӣ, буданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар рисолаи илмии худ хусусиятҳои хоси ашъори Низомии Арӯзии Самарқандӣ, назарияи номаҳои ӯ, сабабҳо ва зарурати навишта шудани «Маҷмаъуннаводир» ва паҳлӯҳои дигари осор ва зиндагии ин шоири маъруфро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG