Пайвандҳои дастрасӣ

Эрону Покистон сохтмони лӯларо таҷлил карданд


 Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алии Зардорӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алии Зардорӣ

Рӯзи душанбе дар шаҳри бандарии Чобаҳори Эрон президентҳои Эрону Покистон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алии Зардорӣ дар маросими ботантанаи оғози сохтмони лӯлаи гази пайвасткунандаи ду кишвар дар хоки Покистон ширкат варзиданд.
Мақомоти Эрон мегӯянд, бахши эронии ин лӯлаи тақрибан омода аст. Тахмин мешавад, ки барои такмили бахши ин лӯла дар хоки Покистон, ки ба 780 километр баробар аст, ду сол лозим мешавад.
Покистон умед дорад, ки сохтмони лӯла камбуди маводи сӯхт дар ин кишварро рафъ мекунад. ИМА ба сохтмони ин лӯла мухолиф буд, зеро он метавонад хилофи таҳрими СММ дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон бошад ва дар натиҷа Покистон ҳам таҳти таҳрим қарор хоҳад гирифт. Эрон барои сохтмони ин лӯла ба Покистон пешниҳод кард, ки сеяки маблағи заруриро тақдим намояд. Пешбинӣ мешавад, ки сохтмони бахши покистонии лӯла ба якуним миллиард доллар баробар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG