Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди 10 шаҳрванди Тоҷикистон аз Афғонистон


Масъулини вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи истирдоди 10 шаҳрванди Тоҷикистон аз Афғонистон хабар доданд. Хабаргузории расмии Ховар дар нақли қавл аз сухангӯи вазорат Давлат Назриев менависад, ки истирдоди ин гурӯҳ тибқи Созишнома байни ҳукуматои Тоҷикистон ва Афғонистон "Оид ба истирдоди маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо дар кишвари худ" сурат гирифтааст. Маълум нест, ки ин афрод мушахаасан кай ва Тоҷикистон оварда шудаанд ва оё дар содир кардани кадом ҷиноятҳо айбдор дониста мешаванд. Ба гуфти Д.Назрӣ, дар маҳбасхонаҳои Афғонистон 9 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ҷазои худро адо мекунанд, ки аз онҳо 6 нафар дар маҳбасхонаи «Пули чархӣ» ва 3 нафар дар маҳбасхонаи Қундуз нигоҳ дошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG