Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими нусхаҳои 6 нигораи "Хазинаи Амударё" ба Тоҷикистон


Нусхаҳои шаш нигораи "Хазинаи Амударё", ки дар Осорхонаи Бритониё нигаҳдорӣ мешаванд, ба Тоҷикистон тақдим шуданд.

Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми март дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро
ки ҳамчун тӯҳфа ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Эркин Қосимов супориданд.

Ин нигораҳо иборат аз (лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои сару либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои сару либос (Circular gold costume-fitting) ва табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament) мебошанд.

Хазинаи Амударё яке аз коллексияҳои арзишманд ва муҳими Осорхонаи Британия ба шумор рафта, дорои 180 нигораи нуқрагину тиллоии марбут ба давраи Ҳахоманишиҳо ва баъдӣ (асрҳои 6-2 пеш аз милод) мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 51 осорхонаи давлатӣ фаъолият мекунад. Аввалин осорхона дар Тоҷикистон дар соли 1932 бо номи Маркази ҷамъоварии ашёи қадимӣ дар назди Шӯрои нозирони халқӣ ва ё Совнарком ташкил шудаст. Аммо Осорхонаи давлатии ба номи Камолиддин Беҳзод ва ҳамин тавр яке дигар аз осорхонаҳои давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар соли 1952 таъсис ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG