Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи эътирозҳо дар ҷануби Қирғизистон


Ҷамъомади тарафдорони ҳизби Ота Ҷурти Қирғизистон дар Бишкек

Ҷамъомади тарафдорони ҳизби Ота Ҷурти Қирғизистон дар Бишкек

Рӯзи душанбе дар шаҳри ҷанубии Ҷалолободи Қирғизистон тахминан 1 ҳазор эътирозгар талаб карданд, ки вакилони боздоштшудаи парламенти ин кишвар аз ҳизби Ота Ҷурт раҳо гарданд. Эътирогарон дар рӯ ба рӯи қароргоҳи ҳукумати вилоят ҷамъ шуда, исрор меварзанд, ки фақат баъди раҳоии Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитов пароканда хоҳанд шуд. Се раҳбари ҳизби Ота Ҷурт соли гузашта бо иттиҳоми ташкили нооромиҳо дастгир шудаанд. Ба қавли мақомот ин се нафар моҳи октябри соли гузашта тахминан 1 ҳазор нафарро дар Бишкек ҷамъ намуда, талаб карданд, ки кони тилои Кумтор миллӣ гардонида шавад. Муҳокимаи Тошиев, Ҷабборов ва Мамитов 10-уми январи соли равон оғоз ёфтааст. Ҳафтаи гузашта тарафдорони онҳо дар манотиқи ҷанубии Қирғизистон раҳпаймоиҳо ташкил намуданд.
XS
SM
MD
LG