Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯди Шангҳай ҷасади 2000 хук пайдо шудааст


 Як кишоварзи чинӣ хукҳояшро дар рӯди Ҳунан шустушӯй мекунад (Ноябри соли 2012)

Як кишоварзи чинӣ хукҳояшро дар рӯди Ҳунан шустушӯй мекунад (Ноябри соли 2012)

Мансабдорони Чин мегӯянд, аз рӯди Шангҳай, ки манбаи асосии оби ин шаҳр мебошад, ҷасади беш аз 2000 хук берун кашида шуд. Мансабдорон тафтиш доранд, ки хукҳо аз куҷо омадаанд. Рӯзи душанбе расонаҳои хабарӣ бо такя ба гузориши ҳомиёни муҳити зист иттилоъ доданд, ки эҳтимол хукҳоро касе ба об партофта бошад ва шояд шумораи ҷасадҳо бештар бошад. Ҳомиёни муҳити зист назорати рӯдро тавсеа бахшидаанд,зеро хавф доранд, ки об олуда шудааст.
XS
SM
MD
LG