Пайвандҳои дастрасӣ

Генерали амрикоӣ айбномаи раҳбари афғонро рад кард


Генерали баландпояи амрикоӣ дар Афғонистон изҳороти президенти афғон Ҳомиди Карзай дар бораи музокироти нерӯҳои байналмилалӣ бо Толибонро рад кард. Генерал Ҷозеф Данфорд гуфт, дар давоми 12 соли нерӯҳои байналмилалӣ талафоти зиёд додаанд ва ҳеҷ хоҳиш надоранд аз ҳисоби хушунат нафъе ба даст оранд. Як рӯз баъди ду бомбгузории Толибон, ки ҳаёти 19 нафарро аз байн бурд, президенти афғон гуфт, ин гуна бомбгузориҳо ба Вашингтон имкон медиҳанд, афғонҳоро ба қабули ҳузури сарбозони амрикоӣ моил намоянд.
Қисми бузурги нерӯҳои байналмилалӣ то охири соли 2014-ум аз Афғонистон берун хоҳанд шуд. Президент Карзай мегӯяд, ҳар нерӯи хориҷие, ки мехоҳад дар Афғонистон бимонад, бояд бар асоси дастурҳои ҳукумати афғон амал намояд. Шарҳи Карзай замоне пахш шуд, ки вазири нави мудофиаи ИМА Чак Ҳейгел бо сафари корӣ ба Афғонистон рафта буд.
Рӯзи якшанбе Ҳейгел дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, дар мулоқоташ бо президент Карзай ӯ гуфтааст, ки ҳар гуна иттиҳом дар бораи музокироти амрикоиҳо бо Толибон асосе надорад ва ташабббуси сулҳ бояд зери назари худи афғонҳо бошад.
XS
SM
MD
LG