Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯби бераҳмонаи тазоҳурот дар Боку


Шиори ин тазоҳурот, ки гурӯҳҳои мухолиф ташкил карданд, чунин буд: "Нест бод марги сарбозони ҷавон!".

Кормандони полиси шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, ба хотири парокандасозии гирдиҳамомадагон дар маркази шаҳр аз тирҳои резинӣ, мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода бурданд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Боку, даҳҳо тан аз гирдиҳамомадагон дастгир шуданд.

Рӯзи якшанбе садҳо нафар дар маркази Боку ба хотири эътироз алайҳи бадрафторӣ ва хушунат дар баробари сарбозони ҷавони артиши Озарбойҷон ҷамъ омаданд.Мақомот ба ин амали эътирозӣ пешакӣ омода шуданд - онҳо дар майдони Фаввораҳо теъдоди зиёди кормандони полис ва нерӯҳои зудамалро мустақар карданд.

Чанд рӯз қабл мақомоти қудратии Озарбойҷон иддае аз фаъолони мухолифинро боздошт ва онҳоро дар нигаҳ доштани маводи мухадиру силоҳ айбдор намуданд. Ба гуфтаи фаъолони мухолифин, ҳадафи ин амал роҳ надодан ба гирдиҳамоии рӯзи якшанбе буд.

XS
SM
MD
LG