Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Эрон ба Тоҷикистон меояд


Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки 29-уми март дар ҷаласаи 16-уми вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Осиё (ACD) дар шаҳри Душанбе ширкат ҳоҳад кард.

ACD, ки 32 кишвари Осиёро дар бар мегирад, соли 2002-юм бо ташаббуси Тайланд созмон дода шуд. Ниҳоди олии раҳбарикунандаи ин созмон Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо мебошад, ки ҳар сол баргузор мегардад.

Дар доираи ин созмон 20 барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва бехатарии энергетикӣ, технологияи информатсионӣ, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, ҳифзи муҳити зист, туризм, рушди тиҷорати хурду миёна таҳия ва татбиқ мегарданд.

Тоҷикистон 5 июни соли 2006 дар Қатар ба ADC пайваст.
XS
SM
MD
LG