Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони тоҷикро дар Маскав захмӣ карданд


6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ҳамлаи шахси номаълум дар истгоҳи метрои «Теплый стан»-и шаҳри Маскав захм бардоштаанд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар паи ин ҳодиса шаҳрвандони тоҷик Назришо Шерови 30 сола, Ҷӯрабек Жоғаракови 38 сола, ҳарду сокини ноҳияи Ванҷ, Манучеҳр Некқадамови 25 сола, сокини ноҳияи Шуғнон, Мустафо Ғафурови 21 сола ва Рустам Мисқолови 26 сола, ҳарду сокини шаҳри Норак, захмӣ шудаанд. Аммо ҳуввияти ҷабрдидаи шашум ҳоло муайян нагардидааст.

Ба гуфти манбаъ, айни ҳол 4 нафар аз ин афрод дар беморхонаҳои №7 ва №64 ва 2 захмии дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Маскав бистариянд ва ба ҳаёти онҳо таҳдиде вуҷуд надорад.

Мустафо Ғафуров, яке аз ҷабрдидагон, зимни суҳбат гуфтааст, шахси номаълуме бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд, ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан, ба ӯ зарба задааст.

Ҳамаи осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии шаҳри Маскав, ба ҳайси сохтмончӣ кор мекардаанд.

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ясеневои Маскав аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG