Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров ба рӯзноманигорон: "Дар нашри матолиб дақиқкор бошед"


Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо хабарнигорон. 11-уми марти соли 2013.
Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо хабарнигорон. 11-уми марти соли 2013.

Раиси парлумони Тоҷикистон фаъолияти расонаҳои мустақилро омили рушди озодии баён дар кишвар арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар маросиме ба муносибати Рӯзи матбуот, ки бо ҳузури иддае аз хабарнигорон баргузор шуд, гуфт, ки «Шумо нерӯҳои таъсиррасон ба афкори ҷомеа ҳастед ва дар пӯшиши мушкилоти ҷомеа фаълона мусоидат мекунед.»

Ин дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, "озодии баён бар асоси қонунҳои кишвар танзим шуда ва фазои мусоидро барои баёни андеша ва фикр фароҳам месозад.»

Вай зимни ишора ба қазияҳои ахири додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо, ба хабарнигорон хиттоб кард, ки аз ин қазияҳо наҳаросанд, балки бештар дар фаъолияти худ дар нашри матолиб, дақиқкор бошанд.

Ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, имсол соли муҳим -- интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст ва бояд меъёрҳои қонун ҳамеша мадди назар бошад, то мушкилоте дар фаъолияти журналистон пеш наояд. Оқои Шукуров дар мулоқот бештар ба баррасии фаъолияти расонаҳои мустақил такя кард ва гуфт, ки омодаи ҳамкорӣ буда аз онҳо пуштибонӣ менамояд.


РӮЗИ МАТБУОТ ДАР СОЯИ БАҲСҲОИ ДОДГОҲӢ АЛАЙҲИ НАШРИЯҲО


Рӯзи 11-уми март ба шарафи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ, дар тақвимҳои кишвар ҳамчун Рӯзи матбуот дарҷ шудааст.

Ба ин муносибат имрӯз дар бинои Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ бо ҳузури хабарнигорон ҷамъомади мутантан баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин нишаст ҷоизаи Лоҳутӣ ба барандагонаш супурда шавад. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 9-уми март эълон кард, ки ҳашт нафар барандаи ин ҷоиза шудаанд.

То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии собиқро ба унвони санаи иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо баъди баҳсҳо миёни равшанфикрони Тоҷикистон бар сари таъйини рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми марти соли 1912, рӯзи интишори «Бухорои Шариф», нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, сар аз соли 1994 ба ҳайси Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфта шудааст.

Нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад. Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.

Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри «Бухорои шариф» заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла “Шӯълаи инқилоб” ва “Овози тоҷик” фароҳам кард.

Матбуотчиёни тоҷик иди касбии худро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки вазъи озодии баён, ба хусус расонаҳо дар чанд соли ахир ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Зеро дар ин муддат мавориди ба додгоҳ кашонидани расонаҳои ба хусус мустақил афзоиш ёфта ва ин раванд аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар дарак медиҳад.

Ин аст, ки бархе аз рӯзноманигорони тоҷик, пешниҳод доранд, то имсол Рӯзи матбуотро журналистон бо насби лентачаҳои сиёҳ дар либосҳои идона пешвоз бигиранд.

Аз ҷумла Аҳмад Иброҳим, рӯзноманигор ва муаррихи тоҷик мегӯяд, ин пешниҳод, ҳамчун ҳамрайъии журналистон ва эътироз зидди фишор болои матбуоти мустақил қабул шавад. Ӯ баррасии парвандаи «ИмрӯзNews»-ро дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик таҳқири як фарзанди мансабдор ба рӯзноманигорон медонад.
XS
SM
MD
LG