Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данфорд:"Баҳонае барои ҳифзи бесуботӣ дар Афғонистон нест"


Генерал Ҷозеф Данфорд
Генерал Ҷозеф Данфорд
Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон генерал Ҷозеф Данфорд изҳороти раисиҷумҳур Ҳомид Карзай дар бораи робитаҳои махфӣ миёни ИМА ва “Толибон”-ро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, изҳороти Карзай бепояву бунёд аст. “Мо ягон баҳонае барои ҳифзи бесуботӣ дар Афғонистон надорем”, изҳор намуд генерал Данфорд.

Рӯзи якшанбе Ҳомид Карзай гуфт, ки намояндагони "Толибон" ҳар рӯз дар Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс бо амрикоиҳо ва намояндагони дигар кишварҳои хориҷӣ сӯҳбат мекунанд, ҳарчанд бар пояи хабарҳо, “Толибон” ҳанӯз соли гузашта ҳама гуна робитаҳо бо Амрикоро қатъ карда буд. Ҳомид Карзай рӯзи якшанбе, 10 март дар Кобул изҳор намуд, толибон ҳамлаҳо ба Афғонистонро барои он идома медиҳанд, ки ба ИМА соҳибқудрат будани худро намоиш диҳанд.

Сарвари Афғонистон гуфт, ҳамлаҳои толибон бояд мардуми маҳаллиро мутмаин созанд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 вазъи амниятӣ дар кишвар ба карат бадтар хоҳад шуд.

Рӯзи якшанбе намояндаи "Толибон" Забеҳулло Муҷоҳид ҳам изҳороти ахири Карзайро рад кард. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, ӯ гуфтааст, ки баъд аз мутаваққиф шудани музокирот дар як соли пеш ҷонибҳо ба ягон пешрафт муваффақ нашуданд.

Музокироти ғайрирасмӣ миёни ИМА ва “Толибон” моҳи марти соли гузашта дар Қатар шурӯъ шуда, бар пояи хабарҳо, баъд аз чанд рӯз бидуни натиҷа поён ёфт. Намояндагони толибон гуфтанд, ки мавқеи ИМА дар гуфтушунид рушану возеҳ нест.
XS
SM
MD
LG