Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нави Маскав ба Бунёди Hermitage Capital


Уилям Браудер

Уилям Браудер

Дар барномаи “Воскресное время” дар шабакаи аввали телевизиони Русия гузорише нашр шуд, ки бар пояи он гӯё раҳбари Бунёди сармоягузории Hermitage Capital Уилям Браудер дар Қалмиқистон аз пардохти андозҳо сарпечӣ кардааст.

Муаллифони матлаб гуфтаанд, ки Браудер дар ҷумҳурии Қалмиқистони Русия даҳ ширкат таъсис карда, ба рӯйхати кормандон маъюбонро шомил карда буд. Маъюбон кор намекарданд ва фақат барои истифодаи ному насабашон маблағи ночиз мегирифтанд. Аммо ин ба Браудер имкон дод, ки аз пардохти имтиёзноки андоз бархурдор шавад ва бо миллиардҳо рубли сарфаркардааш саҳмияҳои ширкатҳои русӣ, аз ҷумла, “Газпром”-ро бихарад.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС навиштааст, ки дар ин гузориши телевизионӣ ба ширкати ҳуқуқшиноси Hermitage Capital Сергей Магнитский дар ин “қаллобӣ” таъкид шудааст.

Моҳи ноябри соли 2009 Магнитский дар як боздоштгоҳи шаҳри Маскав аз олам даргузашт ва тавре ҳамкорони собиқаш мегӯянд, ӯро баъди он ҳабс карданд, ки яғмои маблағҳои бузург аз буҷаи Русия аз сӯи мансабдорони русро ошкор кард.

Чанд рӯз пеш мақомоти тафтишотии Русия Уилям Браудерро дар ғайбаш дар хариди ғайриқонунии саҳмияҳои “Газпром” айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG