Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гутеррес: Теъдоди фирориёни суриягӣ афзоиш меёбад


Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Антонио Гутеррес изҳор намуд, ки агар раванди фирори мардум аз Сурия бо суръати феълӣ идома кунад, то охири сол теъдоди паноҳандагон ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз шурӯи низоъ дар Сурия дар ду соли пеш беш аз як миллион суриягиҳо чун паноҳанда сабти ном шудаанд.

Антонио Гуиеррес рӯзи якшанбе дар Анкара хостори афзоиши кӯмакҳои байнулмилалӣ ба Туркия, Лубнон, Урдун ва дигар кишварҳое шуд, ки суриягиҳои аз ҷанг фироркарда паноҳгоҳ пайдо кардаанд.

Дар ҳамин ҳол созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, мастақар дар Лондон, хабар дод, ки мухолифини мусаллаҳ рӯзи якшанбе ҳамла ба минтақаи Бобамри шаҳри Ҳумсро шурӯъ намуданд. Соли гузашта нерӯҳои мухолифин баъд аз як моҳи даргириҳои шадид ин минтақаро тарк карда буданд.
XS
SM
MD
LG