Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Венесуэла эълон шуд


Николас Мадуро
Николас Мадуро
Интихоботи раёсатҷумҳурии Венесуэла рӯзи 14 апрел баргузор мешавад. Барои мақоми олӣ Николас Мадуро, кафили раёсатҷумҳурӣ ва ноиби сарвари пешини кишвар Уго Чавес ва Энрике Каприлес, номзади ягонаи нерӯҳои мухолифин, талош хоҳанд кард.

Уго Чавес рӯзи 5 март баъд аз маризии тулонӣ аз олам даргузашт. Охири соли гузашта ӯ бо дарёфти 54 дар сади раъйҳо барандаи интихоботи президентӣ шуда буд. Аз рақиби ӯ Энрике Каприлес 44 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ карда буданд.

Уго Чавес бори аввал моҳи декабри соли гузашта, баъд аз бад шудани вазъи саломатияш дар бораи ҷойгузин ҳарф зада гуфта буд, ки баъд аз сари ӯ Николас Мадуро метавонад раҳбари Венесуэла шавад.

Бо вуҷуди эътирози мухолифин, Николас Мадуро кафили раёсатҷумҳурӣ таъин шуд, ҳарчанд бар пояи Қонуни асосӣ, баъд аз даргузашти раисиҷумҳур ваколатҳои ӯ то интихоботи навбатӣ бар дӯи раиси парлумон вогузошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG