Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони рӯзи аввали мусобиқаи Ҷоми Вастан дар Душанбе


Аввалин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Вастан, ки 9-уми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, имрӯз идома дорад.

Ин мусобиқа бо ширкати гуштигирони соли таваллудашон 1996-1998 аз Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Украина дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа дзюдочиёни машҳур, барандагони ҷоизаҳои олимпӣ ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Тамерлан Тменов аз Русия, Роман Гонтюк аз Украина ва Расул Боқиев аз Тоҷикистон ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ширкат доранд.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, Акико Сато, иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон ва Тамерлан Тменов, меҳмони фахрии ин мусобиқа, барандаи медалҳои нуқраву биринҷии Бозиҳои олимпӣ, ба паҳлавонони наврас комёбиҳо орзу карданд.

Нуралӣ Шарифов ба меҳмонони фахрии мусобиқа Тамерлан Тменов, Роман Гонтюк ва Расул Боқиев тӯҳфаҳои Клуби варзишии Вастан - либоси миллии тоҷикӣ, ҷомаву тоқӣ пӯшонд.

Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, бо шогирдони Клуби варзишии Вастан ба тамошогарон усулҳои дзюдоро намоиш доданд.

Дар ин маросим, инчунин, ҳунарманди маъруфи тоҷик Тобиш Ҳилолӣ бо сурудҳои “Ватан якест” ва “Қасам”, гурӯҳии рақсии театр-студияи “Падида” бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шарофат Рашидова бо рақсҳои ҷолиб хотири тамошогаронро шод гардонданд.

Мусобиқа рӯзи аввал аз рӯи 5 вазн – 46, 55, 66, 81,+90 кг баргузор шуд ва дар ҳамаи вазнҳо паҳлавонони тоҷик ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Ғолибону барандагони ҷойҳои дувуму севум бо медалу дипломҳо, либоси варзишии “кимоно”ва ҷоизаҳои молӣ мукофотонида шуданд.

Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҷоизаи таъсисдодаи сафоратро “Барои ирода баҳри ғалаба” ба паҳлавони тоҷик, ғолиби вазни то 55 кг Зоид Шоҳидов супурд.


Ғолибони мусобиқаи кушодаи Ҷоми Вастан:

Вазни то 46 кг
1. Саттор Бердов (Тоҷикистон).
2. Имоммаҳдӣ Охунов (Тоҷикистон).
3. Муҳҳаммадҷон Меликов (Тоҷикистон).
3. Иван Компаниченко (Украина).

Вазни то 55кг
1. Зоир Шоҳидов (Тоҷикистон).
2. Амриддин Ҷумъазода (Тоҷикистон).
3. Муҳаммадғолиб Мирзоев (Тоҷикистон).
3. Бузургмеҳр Иронов (Тоҷикистон).

Вазни то 66 кг
1. Сайриддин Давлатов (Тоҷикистон).
2. Валентин Кузнетсов (Русия).
3. Дилшод Хаёлов (Тоҷикистон).
3. Данил Хитров (Украина).

Вазни то 81 кг
1. Фаррухи Салим (Тоҷикистон).
2. Шаҳриёр Ташрифов (Тоҷикистон).
3. Артём Хачатурян (Русия).
3. Лесо Квирикашвили (Гурҷистон).

Вазни +90 кг
1. Ардашер Мирзоев (Тоҷикистон).
2. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон).
3. Мақсуд Гиёсов (Тоҷикистон).
3. Сергей Фител (Украина).

Рӯзи якшанбе, 10-уми март паҳлавонони наврас аз рӯи вазнҳои боқимонда – 50, 60, 73 ва -90 кг қувваозмоӣ доранд.
XS
SM
MD
LG